Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент аз боғҳои хоҷагиҳои деҳқонии мавзеи Дашти Қозӣ боздид намуд.
Бояд гуфт, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин мавзеъ хатти оби полезӣ кашида шуда, 200 гектар замини санглоху бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуд. Бо обёрии мавзеи Дашти Қозӣ тавассути пойгоҳи обкашӣ аз дарёи Зарафшон дар деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент масоҳати боғҳо ва заминҳои кишоварзӣ васеъ гардида, хоҷагидорон ба боғпарварӣ машғул ҳастанд.
Раиси вилоят дар суҳбат бо деҳқонон таъкид намуд, ки бояд ҳар як ваҷаб замин самаранок истифода бурда шуда, дар боғҳои нав парвариши зироатҳо низ мунтазам ба роҳ монда шавад.
Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон бо корҳои саҳроӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии «Сомониён», «Дашти малла», «Бозори Баён», «Саврак -Ато» шинос шуда, барои истифодаи самараноки замин, гузаронидани кишти такрорӣ, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тавсияҳо дод ва илова намуд, ки таъмини амнияти озуқаворӣ аз фаъолияти кишоварзон вобастагии калон дорад.
Ёдовар бояд шуд, ки мувофиқи маълумоти фаврӣ дар панҷ моҳи соли равон ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории Панҷакент 64 миллиону 222 сомониро ё 100,7 % -ро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 450 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла, дар соҳаи растанипарварӣ 2,2 миллион сомонӣ, ки иҷроиш 101,9 фоиз ва чорводорӣ 62,2 миллион сомонӣ 100,7 фоизро ташкил медиҳад ё аз нақша 413,6 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Соли ҷорӣ кишти зироатҳои кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории шаҳр 14929 гектарро, ташкил дод. Аз кишти гузаронидашуда 2586 гектар ҷаву гандум, 1419 гектар лӯбиёгиҳо, 800 гектар ҷуворӣ барои дон 1103 зироатҳои равғандеҳ, 2595 гектар картошка, 1840 гектар сабзавот (аз он 501 га пиёз, 302 га помидор, 100 га полезӣ) ва 2771 гектарро хӯроки чорворо дарбар мегирад. Инчунин 2103 гектар кишти шолӣ гузаронида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 200 гектар зиёд мебошад.
Раиси вилоят дар идома аз садди муҳофизатии дарёи Зарафшон дар деҳаҳои Сӯҷина ва Озодагон боздид намуда, бо лоиҳаи соҳилмустаҳкамкунии дарёи Зарафшон низ шинос гардид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд