Ифтитоҳи Маркази хизматрасонӣ ва истироҳатгоҳи “Бешазор” дар Панҷакент

Азназаргузаронӣ: 805

5 июл дар шаҳри Панҷакент бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Маркази хизматрасонӣ ва истироҳатгоҳи “Бешазор” мавриди истифода қарор гирифт.

Маркази хизматрасониву истироҳатгоҳ бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардида, дар он барои истироҳату фароғати меҳмонон чор ҳавзи шиноварӣ, ҷойи омода намудани хӯрок ва айвонҳо барои истироҳат мавҷуд мебошад.

Дар марказ дар як вақт ба 200 нафар хизмат расонида шуда, 10 нафар бо ҷойи корӣ мавсимӣ таъмин гардиданд. Ҳамзамон иншооти истироҳатӣ дорои таваққуфгоҳ барои нақлиёт, ҷойи бозӣ барои кӯдакон ва ҳавзҳои моҳипарварӣ буда, “Бешазор” бо харҷи як миллион сомонӣ сохта шудааст.

Раиси вилоят бунёди иншоотро барои ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карда, барои ташкили дурусти кор тавсияҳо дод. Сипас, дар Маркази хизматрасонӣ ва истироҳатгоҳи “Бешазор” барои ятимони кулл дастархон ороста шуда, ба онҳо либосу туҳфаҳо супорида шуд.

Бояд гуфт, ки Панҷакент аз минтақаҳои сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, ҳоло дар шаҳр 23 ширкати сайёҳӣ ва як ташкилоти ҷамъиятии “Шӯрои Зарафшон оид ба рушди сайёҳӣ” фаъолият мебаранд. Ҳамзамон, дар шаҳр 4 маркази иттилоотии сайёҳӣ, 9 меҳмонхона, 2 пойгоҳи сайёҳӣ ва 22 хонаҳои меҳмонқабулкунӣ бо ғунҷоиши зиёда аз 750 ҷой, 4 осорхона ва 355 ёдгориҳои таърихӣ фаъолият мебаранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

1.jpg 2.jpg 3.jpg

4.jpg 5.jpg 6.jpg

7.jpg 8.jpg