5 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои ободониву созандагӣ ва ҷараёни корҳои саҳроӣ ба шаҳри Панҷакент сафари корӣ анҷом дод.
Дар доираи сафар роҳбари вилоят собиқадорони меҳнат Абдурауф Зиёев, Ҳанифа Шарифова ва Бобораҷаб Бобоевро аёдат намуда, ба аёдатшудагон туҳфаҳои худро расонид.
Абдурауф Зиёев 17 апрели соли 1959 дар деҳаи Сўҷина таваллуд шуда, соли 1979 пас аз хатми техникуми сохтмонии вилояти Сирдарёи Ҷумҳурии Ўзбекистон фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси сохтмончӣ оғоз намудааст. Аз соли 1987 то 2009 дар Бонки милии Тоҷикистон дар вазифаи хазинадор фаъолият бурдааст ва айни ҳол раиси хоҷагии деҳқонии «Бозор Зиё» мебошад.
Ҳанифа Шарифова 10 апрели соли 1962 дар деҳаи Озодагони деҳоти Хурмӣ таваллуд шудааст. Мавсуф соли 1980 ба Омўзишгоҳи омўзгории шаҳри Панҷакент дохил шуда, соли 1984 пас аз хатми он фаъолияти меҳнатиашро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-уми деҳаи Сўфиёни деҳоти Халифа Ҳасан ба ҳайси омўзгори синфҳои ибтидоӣ оғоз намудааст. Аз соли 2012 то 2021 ба ҳайси директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56 кор карда, айни ҳол ҳамчун омўзгор фаъолияташро идома дода истодааст.
Бобораҷаб Бобоев соли 1936 дар шаҳри Панҷакент таваллуд шуда, солҳои 1960-1961 ба ҳайси агроном, сарагрономи колхози ба номи Карл Маркс кор кардааст. Бобораҷаб Бобоев давоми фаъолияти меҳнатиаш дар вазифаҳои гуногун кор карда, ҳамчун вакил дар Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намудааст.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд