Аёдати собиқадорони меҳнат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Азназаргузаронӣ: 286

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чанде аз собиқадорони меҳнатро аёдат намуд.

Раиси вилоят аз ҷумла аз ҳоли профессор Усмонҷон Ғаффоров, собиқадорони соҳаи кишоварзӣ Абдунабӣ Ҳодибоев ва Биҷҷанат Усмонова хабар гирифта, бо пирони кор сӯҳбатҳои самимӣ анҷом дод.

Раҷаббой Аҳмадзода аз тадбирандешиҳои Ҳукумати мамлакат ва талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди Ватани азизамон ёдовар шуда, саҳми собиқадоронро дар пешрафти ҷомеа назаррас арзёбӣ кард.

Аёдатшудагон аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои ҳамешагии давлату Ҳукумат изҳори хушнудӣ намуда, сипосмандии худро баён доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

1.jpg 2.jpg 3.jpg

4.jpg 5.jpg