Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни кишти такрорӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ҶСК ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҷараёни корҳои саҳроӣ шинос шуд.

Чуноне зимни боздид иттилоъ дода шуд, бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар 5212 гектар кишти такрории зироатҳо гузаронида шуда, ба масъалаи истифодаи самараноки замин таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир карда мешавад.

Кишоварзон дар ҶСК ба номи Абдураҳим Ҷумъаев 140 гектар гандум навъи "Старшина" кишт карда, беш аз 40 сентнерӣ ҳосил гирифтаанд. Ҳамакнун дар заминҳои холишуда кишти такрорӣ ба роҳ монда шудааст.

Заминҳои ҶСК ба номи Абдураҳим Ҷумъаев 2736 га буда, дар 1750 гектари он пахта кишт гардидааст.

Раиси вилоят дар суҳбат бо кишоварзон тавсия дод, ки кишти такрорӣ бо маслиҳати мутахассисони соҳа гузаронида шуда, интихоби зироати киштшаванда бо назардошти иқлим ва обу хок сурат гирад. Зеро интихоби дурусти зироат имкон медиҳад, ки ҳосили дилхоҳ ба даст оварда шавад.

Ёдовар бояд шуд, ки тибқи нақша дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят бояд 30 ҳазору 100 гектар кишти такрорӣ гузаронида шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд