Дар вилояти Суғд дар масоҳати 1600 гектар помидор кишт шудааст, ки 1000 гектари он ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рост меояд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Ҷамоати деҳоти Зарзамин, ки аз минтақаҳои асосии кишту парвариши помидор аст, бо рафти ҷамъоварии ҳосил шинос гардид. Тавре иттилоъ дода шуд, кишоварзон бо меҳнати шабонарӯзӣ ҳосили хуб руёнида, ҳамарӯза то сад тонна помидор ба бозорҳои вилоят, вилояти Хатлон ВМКБ ба фурӯш бароварда мешавад.
Раиси вилоят ба кори деҳқонон баҳои баланд дода, қайд кард, ки таҷрибаи кишоварзони минтақа дар парваришу истеҳсоли помидор хеле бузург аст.
Деҳқонон дар суҳбат бо роҳбари вилоят иброз доштанд, ки пас аз ҷамъоварии пурраи ҳосил дар заминҳои холишуда кишти такрорӣ гузаронида мешавад.
Раиси вилоят таъкид кард, ки тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд ҳар як порча замин самаранок истифода гардида, маҳсулоти зарурӣ истеҳсол карда шавад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд