23 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос гардид.
Чуноне иттилоъ дода шуд, сокинони ноҳия ба истифодаи самараноки замин таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, аз заминҳои дар ихтиёрдошта маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ ба даст меоранд. Дар ноҳия масоҳати заминҳои корами обӣ 12 ҳазору 527 га, заминҳои корами лалмӣ 2 ҳазору 251 га, заминҳои чарогоҳ 6 ҳазору 213 га, заминҳои наздиҳавлигӣ 3 ҳазору 260 гектарро ташкил медиҳад.
Тибқи ҳисоботи оморӣ ба санаи 1 июни соли 2022 дар ноҳия дар 5372 гектар кишти баҳорӣ гузаронида шудааст. Кишоварзион 53 гектар шолӣ, 112 гектар картошка, 401 гектар сабзавот , 29 гектар помидор, 288 гектар пиёз, 4 гектар маҳсулоти полезӣ кишт кардаанд ва айни замон ба ҷамъоварии ҳосил машғул мебошанд.
Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва масъулини соҳаи кишоварзии ноҳия супориш дод, ки ҷиҳати истифодаи самараноки замин корро ҷоннок намуда, барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот аз тамоми имкониятҳо истифода намоянд.
Дастур дода шуд, ки масъулини соҳа ҷиҳати аз ҳисоби баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ бобати таъмини дурнамои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самараноки замин, ба кор даровардани заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда чораҳои мушаххас андешанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд