14 июн дар ноҳияи Мастчоҳ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба корҳои мумфаршкунии роҳи деҳаи Навобод оғоз бахшид.
Роҳи мазкур тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят мумфарш карда мешавад.
Дарозии роҳи мумфаршшаванда 6 км ва паҳноии он 5 метр буда, бо мумфарш шудани роҳ орзуи деринаи сокинони деҳа амалӣ хоҳад шуд. Деҳаи Навобод соли 1990 таъсис ёфта, сокинон солҳои зиёд орзу доштанд, ки роҳи деҳаашон мумфарш гардад.
Дар маросими оғози корҳои роҳсозӣ Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ҷиҳати беҳтарсозии шароити зисти мардум ва ободонии роҳҳо иброз дошт, ки солҳои охир дар ноҳияи Мастчоҳ иншооти гуногуни иҷтимоӣ бунёд гардида, симои ноҳия бамаротиб зебо шудааст. Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо ба масъулин супоришҳо дод.
Сокинони деҳа барои иҷрои кори нек ва мумфаршсозии роҳ ба Сарвари давлат миннатдории худро баён намуданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд