Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат кард.
Раиси вилоят нахуст аз ҳоли Сабоҳат Носирова хабар гирифт. Мавсуф корманди фабрикаи трикотажӣ дар солҳои 1975-91 буда, айни замон нафақахӯр мебошад. Дар суҳбат бо Сабоҳат Носирова роҳбари вилоят таъкид кард, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба ҳаёту фаъолияти собиқадорони меҳнат таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, роҳбарияти вилоят мунтазам аз ҳоли пирони кор хабар мегирад.
Сипас Раиси вилоят ба манзили Ҳомидҷон Адҳамов ташриф оварда, ӯро аёдат намуд. Ҳ.Адҳамов 50 сол дар автовокзали шаҳр фаъолият карда, ба нафақа баромадааст. Ӯ айни ҳол якҷо бо фарзандону наберагонаш зиндагии орому осуда дорад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




