8 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Истаравшан бо сохтмони як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ шинос гардид.
Бояд гуфт, ки ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Истаравшан сохтмони қасри фарҳанг, бинои Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ, маркази хизматрасонии «Истаравшан плаза», бинои маъмурии ҲХДТ ҷараён дошта, бо ифтитоҳи иншооти зикршуда симои шаҳри бостонӣ боз ҳам зебо хоҳад шуд.
Аснои шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ иттилоъ дода шуд, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо назардошти талаботи рӯз дар Истаравшан қасри нави фарҳангӣ сохта мешавад. Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд буда, лоиҳаи иншоотро ҶСК “Бунёдгари Суғдзамин” таҳия кардааст. Айни замон корҳои сохтмонии қасри фарҳанг идома дошта, коргарону сохтмончиён тибқи нақша фаъолият намуда истодаанд.
Бинои КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан дар масоҳати 312 м2 сохта шуда, аз 3 ошёна ва таҳхона иборат аст. Дар умум, бинои маъмурӣ дорои 8 утоқи корӣ, 2 маҷлисгоҳ ва утоқҳои ёрирасон мебошад. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани иншоот барои кормандони КИ ҲХДТ дар шаҳр шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда хоҳад шуд.
Дар Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан чанд сол инҷониб сохтмони бинои нав идома дорад. Бинои таълимӣ аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 320 нафар дар як баст пешбинӣ шудааст. Дар иншооти сохташванда ҳамзамон утоқҳои фаннӣ ва омӯзишии гуногун таъсис дода мешавад.
Маҷмааи хизматрасонӣ бо маркази савдо, меҳмонхона ва хонаҳои истиқоматии “Истаравшан Плаза” бошад дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳр ҷойгир буда, аз тарафи соҳибкор Аскар Эшонов сохта шуда истодааст. Маблағи лоиҳавии иншоот 5 млн. сомониро ташкил медиҳад. Бо ифтитоҳи маҷмаа дар он беш аз 20 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.
Раиси вилоят пас аз шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти зикршуда ба роҳбарияти шаҳр ва масъулини Идораи сохтмони асосии вилоят барои дар муҳлати пешбинишуда ва бо сифати баланд ба охир расонидани корҳо супоришҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




