Дар Истаравшан ҷамъоварии пилла идома дорад

Дар шаҳри Истаравшан соли равон тибқи нақша 7 тонна пилла истеҳсол карда мешавад ва то имрӯз кирмакпарварон 800 кг пилла супоридаанд. Дар ин бора зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Истаравшан маълумот дода шуд.

Раиси вилоят бо вазъи кирмакпарварӣ дар оилаи Яъқубовҳо, ки беш аз 30 сол инҷониб ба ин кор машғуланд, шинос шуда, барои истеҳсоли нақша ба масъулин тавсияҳои судманд дод.

Таъкид карда шуд, ки пилла ашёи муҳими саноатӣ буда, бо назардошти ин "Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024" қабул карда шудааст ва барои рушди соҳа тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.

Имсол дар вилояти Суғд истеҳсоли 340 тонна пилла ба нақша гирифта шуда, айни замон ҷамъоварии он идома дорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд