Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рафти корҳои сохтмонии бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Гули Сурхро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.
Сохтмони бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Гули Сурхи шаҳри Истаравшан соли 2021 оғоз ёфта, он аз ду ошёна ва таҳхона иборат аст ва бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардида истодааст. Дар бинои нав барои 14 корманд утоқҳои кориву ёрирасон сохта шуда, арзиши лоиҳавии иншоот зиёда аз 1,2 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Раиси вилоят ҳамзамон бо раванди корҳои сохтмонии бинои Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ, Маркази фарҳангӣ-фароғатии "Боғи ҷавонон", қасри фарҳанг, бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15 ошно шуд.
Чуноне маълумот дода шуд, дар Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан чанд сол инҷониб сохтмони бинои нав идома дорад. Бинои таълимӣ аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 320 нафар дар як баст пешбинӣ шудааст. Дар иншооти сохташванда ҳамзамон утоқҳои фаннӣ ва омӯзишии гуногун таъсис дода мешавад.
Маркази фарҳангӣ-фароғати “Боғи ҷавонон” дар маҳаллаи ба номи Дилшоди Барнои шаҳри Истаравшан ҷойгир буда, фармоишгари он мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва пудратчӣ ҶДММ “Комронобод” аст. “Боғи ҷавонон” дар масоҳати 2,3 гектар бунёд шуда, маблағи лоиҳавии он 3 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Дар ҳудуди Муассисаи давлатии хонаи истироҳатии шаҳр сохтмони қасри фарҳанг низ бо маром идома дорад. Фармоишгар Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд буда, лоиҳаи иншоотро ҶСК “Бунёдгари Суғдзамин” таҳия кардааст.
Бинои иловагии МТМУ рақами 15 барои 240 ҷойи нишаст дар деҳаи Суфи Ориф қомат афрохта, аз 10 синфхона иборат аст.
Раиси вилоят ба роҳбарияти шаҳр ва масъулини соҳаи сохтмон барои дар сатҳи баланд омода намудани иншооти иҷтимоӣ супоришҳо дода, таъкид кард, ки ба истиқболи ҷашнҳои Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагиро тақвият бахшанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд