Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони иншооти гуногун дар Истаравшан

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ба шаҳри Истаравшан сафар кард.

Зимни сафар Раиси вилоят сохтмони як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, барои иҷрои босифати корҳо ба масъулин супоришҳо дод.

Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷумла бо сохтмони бинои КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан, маҷмааи хизматрасонӣ бо маркази савдо, меҳмонхона ва хонаҳои истиқоматии “Истаравшан Плаза”, маркази хизматрасноии “Биостар”, коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ошно гардид.

Чуноне иттилоъ дода шуд, бинои КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан дар масоҳати​ 312 м2 сохта шуда, аз 3 ошёна ва таҳхона иборат аст. Дар умум, бинои маъмурӣ дорои 8 утоқи корӣ, 2 маҷлисгоҳ ва утоқҳои ёрирасон мебошад. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани иншоот​ барои кормандони КИ ҲХДТ дар шаҳр шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда хоҳад шуд.​

Маҷмааи хизматрасонӣ бо маркази савдо, меҳмонхона ва хонаҳои истиқоматии “Истаравшан Плаза” дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳр​ ҷойгир буда, аз тарафи соҳибкор Аскар​ Эшонов сохта шуда истодааст. Маблағи лоиҳавии иншоот 5 млн. сомониро ташкил медиҳад. Бо ифтитоҳи маҷмаа​ дар он​ беш аз 20 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.​

Маркази хизматрасонии “Биостар” бошад аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Умаров Зафар ба маблағи зиёда аз 2 млн. сомонӣ бунёд гардида истодааст, ки масоҳати зери сохтмон 0,04 гектарро ташкил медиҳад.

Коргоҳи истеҳсолии маҳсулоти ширӣ намояндагии корхонаи “Шири Душанбе” буда, маблағи лоиҳавии сохтмони он 1,5 млн. сомонӣ аст. Дар ҳолати пурра ба кор даромадани коргоҳи мазкур 20 нафар соҳиби ҷойи корӣ​ мегарданд. Тибқи маълумоти пешакии масъулин музди меҳнати миёнаи коргарон аз 1200 то 2000 сомонӣ хоҳад буд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд