25 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов аз канали Хоҷабақирғон дидан кард.
Ба роҳбари вилоят иттилоъ дода шуд, ки тавассути канали мазкур 4000 гектар заминҳои ноҳия шодоб шуда, ҳоло дар канал оби худҷорӣ мавҷуд аст. Дар ҳоли ҳозир об барои сари вақт обёрӣ намудани заминҳои кишоварзӣ басанда буда, самаранок истифода бурда мешавад.
Раиси вилоят ба масъулин дастур дод, ки захираҳои обиро пурсамар истифода баранд ва аз рӯи меъёр хоҷагиҳои деҳқонӣ бо об таъмин гарданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд