Боздид аз рафти корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо рафти корҳои саҳроӣ шинос гардид.

Дар хоҷагии деҳқонии "Норбой"-и Ҷамоати деҳоти Гулхона роҳбари вилоят вазъи нашъунамои пахтаро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, барои риояи ҳатмиии қоидаҳои агротехникӣ тавсияҳо дод. Дар хоҷагии мазкур дар 1,3 га пахта кишт шуда, кишоварзон бо нигоҳубини зироат машғул ҳастанд.

Раиси вилоят ҳамзамон аз майдони кишти гандум боздид кард. Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳия 1600 гектар гандум кишт шуда, деҳқонон навъҳои серҳосили "Элита", "Старшина" ва "Краснодар"-ро аз Ӯзбакистон ва Россия ворид ва кишт намудаанд.

Ҳосил қариб пухта расидааст ва кишоварзони ноҳия ният доранд, ки ҳосили хуб ба даст меоранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд