Боздид аз нуқтаҳои банду басти пиёз дар шаҳраки Меҳробод

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи боздиди корӣ аз ноҳияи Ҷаббор Расулов бо фаъолияти нуқтаҳои банду басти пиёз дар шаҳраки Меҳробод шинос шуд.

Тавре маълумот дода шуд, дар ноҳия ҳашт маркази логистикӣ мавҷуд буда, дар ин нуқтаҳо пиёз аз рӯи намуду ҳаҷм банду баст карда шуда, содирот мегардад. Айни замон пиёз аз навоҳии вилояти Хатлон оварда шуда, ба кишварҳои Россия ва Қазоқистон тавассути қатора содирот шуда истодааст. Дар нуқтаҳои банду басти пиёз 2 000 нафар занон ба кор ҷалб гардида, маоши хуб мегиранд.

Ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ дар вилояти Суғд низ оғоз ёфта, содироти он ба роҳ монда шудааст.

Раиси вилоят дар суҳбат бо соҳибкорон таъкид кард, ки барои фаъолият шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст ва бояд содироти маҳсулоти кишоварзӣ зиёд карда шавад, то деҳқонон даромади хуб ба даст оваранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд