25 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов рафти ҷамъоварии пилларо мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.
Чуноне маълумот дода шуд, оилаи Холмуродовҳо дар деҳоти Деҳмой ба кирмакпарварӣ машғул буда, имрӯзҳо ҷамъоварии пилларо оғоз намуданд.
Раиси вилоят дар суҳбат бо аҳли ин оила аз саҳмгузориашон дар истеҳсоли пилла тавсиф карда, таъкид кард, ки ҳар оилае, ки меҳнат мекунад, ҳатман подоши кори худро хоҳад ёфт.
Зимнан кирмакпарварони ноҳия соли равон 1200 қуттӣ кирмак гирифта, тибқи нақша бояд 34 тонна пилла истеҳсол намоянд.
Раҷаббой Аҳмадзода бо тарзи истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ низ мароқ зоҳир карда, аз фаъолияти самараноки деҳқонони деҳоти Деҳмой, ки дар як сол то се ҳосил мегиранд, ситоиш намуд.
Дар идома роҳбари вилоят маъюби гуруҳи як Гулсуной Турсунбоеваро аёдат карда, ба ӯ кӯмакҳои моддӣ расонид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд