Боздиди Раиси вилоят аз пойгоҳи обкашии "Деҳмой-1"

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов бо фаъолияти пойгоҳи обкашии «Деҳмой-1» шинос гардид.

Пойгоҳи обкашӣ солҳои 60-уми қарни гузашта дар маҷрои дарёи Сир бунёд шуда, 6 агрегати он ниёз ба таъмири пурра пайдо карда, ду агрегати дигар умуман фаъолият намекард. Аз ин сабаб дар самти обёрии заминҳои кишоварзӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Деҳмой, Гулхона, Сомониён, Ғулакандоз, инчунин қисман заминҳои ҳудуди деҳоти Ҳаёти нав мушкил ба вуҷуд меомад. Бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2020 пойгоҳи обкашӣ пурра таъмиру таҷдид гардида, муҳаррику дастгоҳҳои нав насб карда шуд, ки тавассути пойгоҳи обкашии «Деҳмой-1» 7885 гектар замини кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо оби полезӣ таъмин мешавад.

Раиси вилоят ба масъулини Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят ва идораи обёрии ноҳия барои таъмини фаъолияти муназзами пойгоҳ ва сари вақт бо оби полезӣ таъмин намудани заминҳои кишоварзӣ супоришҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд