Боздиди ҳайати вилояти Суғд аз гармхонаҳои замонавии шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия

Дар рӯзи нахустини сафар ба Ҷумҳурии Туркия ҳайати вилояти Суғд бо роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз гармхонаҳои шаҳри Анталия боздид намуд.

Чуноне иттилоъ дода шуд, дар Анталия теъдоди зиёди гармхонаҳои инноватсионӣ мавҷуд буда, саҳми ин вилоят дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ назаррас аст. Илова бар ин, марказҳои зиёди парвариши гулу ниҳолҳои ороишӣ фаъолият дошта, тарзу усули муосири парвариш истифода мегардад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ба соҳибкорони турк доир ба таҷрибаи ташкили гармхонаҳо дар вилояти Суғд маълумот дода, таъкид кард, ки соҳибкорони тоҷик ҳавасманданд, ки  муштаракан гармхонаҳои гуногун бунёд намоянд.

Соҳибкорони тоҷик ва муассисони гармхонаҳои вилояти Суғд, аз ҷумла "ММК Агро" бо тарзу усулҳои нави парвариши помидор ва ниҳолҳои ороишию ҳамешасабз шинос шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд