Шиносоӣ бо рафти сохтмони корхонаҳои саноатӣ дар Конибодом

Дар шаҳри Конибодом бо мақсади саҳмгузорӣ дар амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ-санотикунонии босуръати кишвар тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Аз ҷониби соҳибкорон бунёди як қатор корхонаҳои саноатӣ ҷараён дошта, бо мавриди истифода қарор гирифтани онҳо садҳо нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд.

Зимни сафари кории худ ба шаҳри Конибодом Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти бунёди корхонаҳои саноатӣ шинос шуд. Нахуст роҳбари вилоят дар деҳоти ба номи Раҷаб Ҳамробоев аз коргоҳи дӯзандагӣ боздид намуд. Иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи дӯзандагӣ ба истеҳсоли либосҳои варзишӣ нигаронида шуда, бо мавриди истифода қарор додани он 100 нафар соҳиби ҷойи корӣ мегарданд. Ашёи хом барои коргоҳ аз фабрикаи матоъбофии ноҳияи Данғара дастрас гардида, либосҳои истеҳсолшаванда ба бозори дохилӣ ва Федератсияи Россия бароварда хоҳад шуд.

Бояд гуфт, ки аз тарафи муассисони ин коргоҳ ба беморхонаи деҳоти ба номи Р. Ҳамробоев як адад автомашинаи ёрии таъҷилӣ туҳфа карда шуд.

Сипас, Раиси вилоят сохтмони фабрикаи парандапарвариро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, барои идомаи корҳои сохтмонӣ ва муҷаҳҳазсозии фабрика тавсияҳои худро ироа намуд.

Тибқи маълумоти оморӣ айни замон дар вилояти Суғд 136 корхонаи паррандапарварӣ фаъолият доранд, ки аз ин теъдод 96 корхона тухм ва 40 корхона гушти парранда истеҳсол мекунанд. Дар ду соли охир дар вилояти Суғд 60 корхонаи парвариши мурғ ва истеҳсоли тухм мавриди истифода қарор дода шуд. Дар се моҳи соли ҷорӣ корхонаҳои паррандапарварӣ 170 миллион дона тухм ва 5 ҳазору 98 тонна гушти мурғ истеҳсол намудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2021 - 32 миллион дона тухм ва 1 ҳазору 774 тонна гушти парранда зиёд мебошад.

Дар шаҳри Конибодом ҳамзамон аз ҷониби соҳибкор Сафар Бобиев корхонаи коркарди мева сохта шуда истодааст. Корхонаи нав дорои сардхона ҳам буда, бо насби таҷҳизоти замонавӣ имкон пайдо мешавад, ки меваҳои шахдбор коркард шуда, содирот гардад.

Раиси вилоят ташкили чунин корхонаҳоро дар Конибодом, ки майдони зиёди боғотро дорад, муҳиму саривақтӣ арзёбӣ кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд