Дар Ҷамоати деҳоти Ҳамробоеви шаҳри Конибодом барои беҳтар намудани вазъи таъминоти оби полезӣ ва азхудкунии заминҳои нав тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешавад.
Зимни муаррифии лоиҳаи азнавбарқароркунии қубурҳои обгузар, ки дар ҳузури Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода сурат гирифт, таъкид гардид, ки дар сурати кашидани хатти обгузар бо дарозии 24 км ва насби 2 дастгоҳи обкашӣ дар пойгоҳи обкашии Маҳрам ҳолати обёрии 2500 гектар замин беҳтар хоҳад шуд.
Ба иттилои масъулини Идораи замини шаҳри Конибодом бо татбиқи муваффақонаи лоиҳа наздик ҳазор гектар заминҳои талу теппа азхуд карда шуда, ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешавад.
Бо навсозии пойгоҳи обкашии Маҳрам дар давраи норасоии оби канали Фарғона мушкилоти мавҷуда бартараф шуда, заминҳои кишоварзӣ бо об таъмин мегардад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




