
Дар доираи боздиди корӣ аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд.
Раиси вилоят аз ҷумла Нурмуҳаммад Ҳомидов ва Алибой Ниёзовро аёдат карда, бо пирони рӯзгор суҳбати самимӣ орост. Қайд карда шуд, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии собиқадорони меҳнат мунтазам чораҷӯӣ карда мешавад.
Нурмуҳаммад Ҳомидов тӯли 50 сол ҳамчун механизатор фаъолият намуда, имрӯз бо шукргузорӣ аз мамлакати ободу озод давлати пирӣ меронад. Алибой Ниёзови 90-сола бошад 50 соли умри худро ба соҳаи кишоварзӣ бахшида, дар колхозу совхозҳои ноҳия фаъолият бурдааст.
Ба аёдатшудагон аз номи роҳбарияти вилоят кӯмакҳои моддӣ дастрас карда шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




