Бо мақсади бо полезӣ таъмин намудани заминҳои кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳия 30 адад чоҳи амудӣ кофта мешавад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафар ба ноҳия бо нақшаи бунёд ва обёрии заминҳо шинос шуда, ба масъулин ҷиҳати таъмини саривақтии заминҳои кишт бо оби полезӣ супоришҳо дод. Тавре маълумот дода шуд, тавассути канали Хоҷабоқирғон тақрибан чор ҳазор гектар заминҳои ноҳия обёрӣ шуда, барои пурраву саривақтӣ расонидани оби полезӣ чоҳҳои амудӣ ба истифода дода хоҳад шуд. Чоҳҳои амудӣ бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят, идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия, хоҷагиҳои деҳқонии калонтарин кофта мешавад.
Таъминоти оби полезӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор рафта, дар баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои киштгардида нақши калидӣ дорад. Бо ҳамин мақсад роҳбарияти маоқомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд талош дорад, то мушкилоти бамиёномада сари вақт ҳалл карда шавад.
Масъулини идораи беҳдошти замин ва обёрӣ вазифадор карда шуданд, ки дар самти таъминоти оби полезӣ аз имконоти мавҷуда самаранок истифода намоянд. Ҳоло заминҳои мардуми деҳоти Овчиқалъача пурра кишт гардида, зироатҳо дар ҳолати хуби нашъунамо қарор дорад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




