Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Истаравшан ба аёдати оилаи Юлдошевҳо рафт.
Оилаи мазкур ҳамчун камбизоат ба қайд гирифта шуда, бо амри тақдир Гулбаҳор, Гулноза ва Норбой маъюб мебошанд. Аҳли ин оила аз тарафи давлат нафақа мегиранд ва аз ҷониби саховатмандон низ мунтазам ба онҳо кумак расонида мешавад.
Раҷаббой Аҳмадзода ба оилаи Юлдошевҳо кумакҳои моддии худро тақдим карда, ба роҳбарияти шаҳр дастур дод, ки мунтазам аз ҳоли чунин оилаҳои ниёзманд хабар гиранд.
Раиси вилоят ҳамзамон Садорат Раҳмоноваро аёдат кард ва ба оилаи Раҳмоновҳо низ маводи ғизоӣ дастрас карда шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд