21 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ сафари корӣ анҷом дода, бо раванди корҳои ободонию созандагӣ шинос гардид.
Раиси вилоят аз ҷумла бо сохтмони иншооти гуногун, аз ҷумла маркази хизматрасонӣ, фермаи чорвопарварӣ, фабрикаи парандапарварии ҶДММ "Некбахт", коргоҳи дӯзандагӣ, бинои иловагии маркази ташхисӣ ва табобатии "Сино" ошно шуда, барои иҷрои босифати корҳо ба масъулин тавсияҳо дод.
Таъкид гардид, ки ба истиқболи ҷашнҳои милливу давлатӣ, аз ҷумла 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд корҳои ободонию бунёдкорӣ вусъат бахшида шуда, бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ҳарчи бештар сокинон бо ҷойи корӣ таъмин карда шаванд.
Раиси вилоят ҳамзамон дар хоҷагии деҳқонии ба номи М.Сӯфизодаи Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ дар маъракаи кишти пахта иштирок карда, бо сокинон ва кишоварзони ҷамоат суҳбат намуд. Қайд карда шуд, ки дар шароити кунунӣ бояд ҳар як порча замин самаранок истифода гардида, барои таъмини амнияти озуқаворӣ беш аз пеш фаъолият намуд.
Ба иттилои масъулин имсол дар ноҳияи Мастчоҳ 12500 гектар пахта кишт хоҳад шуд.
Дар идомаи сафар роҳбари вилоят фаъолият пойгоҳҳои обкашии ноҳия, аз ҷумла "Дилварзин-1"-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Иттилоъ дода шуд, ки тамоми дастгоҳҳои обкашии ноҳия аз таъмир бароварда шуда, ба мавсими имсола омода мебошанд.
Дар охир Раиси вилоят собиқадорони меҳнат Ниёзбибӣ Миракова ва Нурулло Саидбековро аёдат карда, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд