4 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Истаравшан сафари корӣ анҷом дода, бо ҷараёни бунёдкориҳо шинос гардид.
Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан бунёди иншооти гуногун идома дошта, сокинон тасмим доранд, ки ҷашни таърихиро бо дастовардҳои арзанда истиқбол гиранд.
Раиси вилоят дар хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар маҷмааи хизматрасонии “Шоҳроҳи абрешим” шинос шуда, барои тақвиятбахшии корҳо супоришҳои мушаххас дод.
Сохтмони маҷмааи бисёрфунксионалии “Шоҳроҳи абрешим” аз тарафи ҶДММ “Мабдаи Нур”, ки фармоишгар ва пудратчии он мебошад, ба роҳ монда шуда, лоиҳаи он аз тарафи ширкати лоиҳакашии “Архиком-К”-и шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо мутахассисони Ҷумҳурии Қазоқистон омода шудааст.
Масоҳати зери сохтмони маҷмааи мазкур 4800м2 мебошад. Дар таҳхонаи маҷмаа тавақуфгоҳи зеризаминии дуошёна мавҷуд буда, барои 150 нақлиёт пешбинӣ шудааст. Дар ошёнаи якуми маҷмаа гиппермаркет, ки дар як вақт ба 500 нафар мизоҷ хизмат мерасонад, бунёд мегардад. Дар ошёнаи дуюм маркази савдо ва хизматрасонӣ, аз ҷумла мағозаҳои фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва армуғонҳои сайёҳӣ, нуқтаи хизматрасонӣ ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба роҳ монда шуда, қаҳвахона, ошхона, кинотеатр, нуқтаҳои хизматрасонӣ ташкил мегардад. Дар ошёнаи сеюм маркази варзишӣ-солимгардонӣ, ки дорои толорҳои машқу тамрин барои 100 нафар дар як вақт, SPA бо ҷойгиркунии бассейн бо дарозии 25м Х 12м, толорҳои маҳсӣ ва дигар намуди воситаҳои солимгардонӣ бунёд карда мешавад. Ошёнаҳои болоии маҷмаа хонаҳои истиқоматӣ буда, дар ошёнаи 19 тарабхона низ ташкил хоҳад шуд. Дар маҷмуъ, тибқи нақша дар нуқтаҳои хизматрасонии маҷмаа 250 нафар бо ҷойи корӣ доимӣ таъмин мегарданд.
Сипас, роҳбари вилоят фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нури Истаравшан”-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.
Корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, ки самти асосии фаъолияти он ба истеҳсоли ҷӯроб, либоси мактабӣ ва либосҳои фармоишӣ равона гардидааст, соли 2022 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд. Корхона аз ҷониби муассис ва роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нури Истаравшан” Исроил Яқубов бунёд ёфта, биноҳои истеҳсолӣ дар масоҳати зиёда аз 96 ҳазор метри мураббаъ бо харҷи беш аз 3 миллион сомонӣ сохта ва бо дастгоҳу технологияи муосири бофандагию дӯзандагӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
Дар идома Раиси вилоят аз ҳавзи шиноварие, ки дар ҳудуди корхона бунёд шудааст, боздид кард. Ҳавзи шиноварӣ 20х40 масоҳат дошта, дар назди он маркази хизматрасонӣ ва ҷой барои истироҳату фароғат низ ташкил гардидааст. Ҷавонону наврасон аз шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Шаҳристон, Зафарободу Деваштич ва дигар минтақаҳо барои истироҳат омада, вақти худро хуш мегузаронанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд