Дар ноҳияи Зафаробод бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ як пойгоҳи хурди обкашӣ фаъол ва 140 гектар замини бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуд. Дар ин бора имрӯз, 9 апрел зимни сафари кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Зафаробод иттилоъ дода шуд.
Тибқи иттилои масъулини ноҳияи Зафаробод дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи самараноки замин, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, ташкили боғҳои интенсивӣ ва зиёд намудани ҷойҳои корӣ бо иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ дар 150 гектар замин, ки солҳои зиёд инҷониб бекор хобида буд, боғҳои нави себ, олу ва чормағз бунёд карда шуд.
Воридсозии замини бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ имкон медиҳад, ки 50 нафар сокинони ноҳия соҳиби ҷойи кор гардида, ризқу рӯзии худро аз замин пайдо намоянд.
Раиси вилоят иқдоми соҳибкоронро шоистаи таҳсин арзёбӣ карда, барои пурсамар истифода бурдани замин тавсияҳои худро ироа намуд. Дар шароити кунунӣ бояд ҳар порча замин самаранок истифода гардида, ҷиҳати дарёфти роҳҳои нави азхудкунии заминҳои бекорхобида бояд чораҷӯӣ карда шавад.
Сипас, Раҷаббой Аҳмадзода аз пойгоҳҳои обкашии ноҳия боздид намуд ва ба роҳбари вилоят маълумот дода шуд, ки иншооти обрасонӣ ба мавсими имсола пурра омода мебошад.
Пойгоҳҳои обкашӣ пурра аз таъмир бароварда шуда, 123 км канал тоза гардида, барои обёрии заминҳои кишоварзӣ дар сатҳи зарурӣ омодагӣ дида шудааст.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд