Дар ҶДММ «Спитамен» хатти нави истеҳсолӣ фаъол карда мешавад

Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Спитамен» васлу насби хатти нави истеҳсолӣ ҷараён дошта, бо ба охир расидани корҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот зиёд ва маҳсулот ба кишварҳои Қазоқистону Ӯзбекистон содирот карда мешавад. Дар ин бора зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз корхонаи мазкур иттилоъ дода шуд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Спитамен» аз калонтарин корхонаҳои саноатии ноҳияи Деваштич аст, ки бо тамғаи «Оҳаки Ғончӣ» маҳсулоти сохтмонӣ истеҳсол мекунад. Муассисони корхона бо назардошти панҷсолаи рушди саноат эълон шудани солҳои 2022-2026 тасмим гирифтанд, ки фаъолиятро тақвият бахшида, хатти навро фаъол созанд.

Корхона аз соли 2011 инҷониб фаъолият дошта, дар соли 2020 ба маблағи зиёда аз 3 миллион сомонӣ ва дар соли 2021 ба маблағи 4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот низ дар ҳоли афзоиш буда, агар соли 2020 чор ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол гардида бошад, ин рақам дар соли 2021 ба панҷ ҳазор тонна расидааст.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Спитамен» бо истифода аз дастгириҳои давлатӣ фаъолияти хуб дошта, истеҳсолот ба таври автоматӣ идора карда шуда, сифати маҳсулот дар озмоишгоҳи корхона санҷида мешавад. Барои нигаҳдории маҳсулот анбор мавҷуд буда, бо назардошти фаъолият намудани корхона бо ангиштсанг миқдори зарурии ангиштсанг захира карда шудааст.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода масъулини Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Спитамен» -ро вазифадор намуд, ки дар баробари беҳтар намудани шароити корӣ ва мақсаднок истифода намудани бойигариҳои табиӣ ба масъалаи баланд бардоштани музди меҳнати кормандон минбаъд таваҷҷуҳ равона созанд. Ба иттилои шахсони масъул айни замон кормандони ин корхонаи истеҳсолӣ бо либоси корӣ ва се вақт хӯроки гарм таъмин буда, музди маошашон сари вақт пардохт карда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд