Боздиди Раиси вилоят аз корхонаҳои саноатии ноҳияи Спитамен

6 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Спитамен бо фаъолияти ҶДММ "Шири Спитамен" ва ҶДММ "25-солагии Истиқлолият" шинос гардид.

Боиси зикр аст, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шири Спитамен” соли гузашта ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар масоҳати 60 садяк бунёд гардида буд ва аз ду хати истеҳсолӣ иборат аст. Дар корхона 20 номгӯи маҳсулот, аз ҷумла шири хушки равғандор, беравған, шири қиёмкардашуда, сметана, қаймоқ, творог, равғани маска, ҷурғот, кефир, дӯғ, чакка, истеҳсол мешавад. Иқтидори корхона дар як шабонарӯз коркарди беш аз 20 тонна шири холис ва истеҳсоли 1 тонна шири хушкро дар бар мегирад. Истеҳсоли шири хушк, ки дар корхона ба роҳ монда шуд, дар ҷумҳурӣ таҷрибаи нахустин мебошад. Қаблан, он аз хориҷи кишвар ворид мегардид. Шири хушк дар бозор рақобатпазир буда, инчунин, ба содирот нигаронда шудааст.

Барои нигоҳ доштани маҳсулот се сардхонаи ҷавобгӯ ба стандарти муосир бо гунҷоиши беш аз 20 тонна сохта шуда, корхона дорои озмоишгоҳи муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ буда, шир пеш аз коркард аз ташхиси химиявӣ, физикавӣ ва микробиологӣ гузаронда мешавад.

Зимни боздид аз коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти патдори ҶДММ "25-солагии Истиқлолият" иттилоъ дода шуд, ки он дорои ду дастгоҳи риштатайёркунӣ, 32 дастгоҳи бофандагӣ, 12 дастгоҳи дӯзандагӣ ва дастгоҳҳои матоъпоракунӣ мебошад.

Дар коргоҳи мазкур пахта то сатҳи ниҳоӣ коркард гардида, маҳсулоти пахтагини босифат ва воридотивазкунанда истеҳсол карда мешавад. Дар коргоҳ истеҳсоли намудҳои гуногуни сачоқ, хилъат барои калонсолону хурдсолон, либоси кӯдакона ва ҷиҳози хона, аз ҷумла болопӯши рахти хоб ва ғайра ба роҳ монда шудааст ва иқтидори  истеҳсолии коргоҳ дар як сол 1500 тонна маҳсулоти тайёри пахтагӣ мебошад.

Раиси вилоят паз шиносоӣ бо фаъолияти корхонаҳо барои тавсеаи фаъолият ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот тавсияҳо дода, иброз дошт, ки бо истифода аз имконоти мавҷуда маҳсулоти воридотивазкунанда бояд ҳарчӣ зиёдтар истеҳсол карда шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд