5 апрел бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар хоҷагии деҳқонии «Гулшан»-и Ҷамоати деҳоти Шодобаи ноҳияи Ашт ба кишти пахта оғоз бахшида шуд.
Чуноне ба Раиси вилоят иттилоъ доданд, дар хоҷагии мазкур имсол 12 гектар пахта кишт мешавад ва кишоварзон тасмим доранд, ки бо риояи қоидаҳои агротехникиву нигоҳубини зироат ҳосили хуб ба даст оранд. Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбат бо деҳқонон таъкид кард, ки бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ кишти пахта бояд ҳарчӣ зудтар ба анҷом расонида шуда, ба кишти баҳории зироатҳо вусъат бахшида шавад.
Бояд гуфт, ки кишоварзони ноҳия дар пахтакорӣ таҷрибаи бой дошта, ҳамасола нақшаи пешбинишударо сари вақт иҷро менамоянд. Соли 2021 пахтакорони ноҳия ба нишондиҳандаи баландтарин дар вилоят — ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар гирифтани 31 сентнерӣ ҳосил ноил гардиданд.
Кишоварзони ноҳия соли равон дар майдони 6200 гектар пахта кишт ва парвариш хоҳанд кард.
Сипас, роҳбари вилоят собиқадори соҳаи кишоварзӣ Анварҷон Алибердиеви 71 соларо аёдат карда, ба ӯ тансиҳативу хотирҷамъӣ таманно кард ва кӯмакҳои моддии худро расонид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд