Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Конибодом

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Конибодом сафари корӣ анҷом дода, бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳр шинос гардид.

Зимни сафар нахуст роҳбари вилоят собиқадорони меҳнат Фароғат Тоҳирова ва Солиҷон Холматовро аёдат карда, ба онҳо тани сиҳату рӯзгори ободу осударо орзу намуд.

Дар идомаи сафар Раҷаббой Аҳмадзода сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 10-и деҳоти ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15-уми деҳаи Маданият,  Боғи фарҳангию фароғатии шаҳр, бинои баландошёнаи истиқоматӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, бо фаъолияти ҶДММ "Конибодом паранда" ва коргоҳи дӯзандагии ҶДММ "Ботур" ошно шуд.

Раиси вилоят барои вусъати корҳои ободонию бунёдкорӣ, бо сифати баланд ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ, густаришбахшии кабудизоркунӣ ба масъулин супоришҳо дод.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон дар хоҷагии деҳқонии ба номи Раҳбар Қосимови деҳоти Куҳандиёр дар маъракаи кишти пахта ширкат варзида, ҷиҳати дар муҳлати пешбинишуда ба охир расонидани корҳои саҳроӣ, аз ҷумла кишти пахта дар назди роҳбарияти шаҳр ва масъулини соҳаи кишоварзӣ вазифаҳои мушаххас гузошт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд