Дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» дар вилояти Суғд корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ бунёд гардида, дар баробари зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ҷойҳои нави корӣ ташкил карда мешавад.
Дар ноҳияи Ашт бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешавад.
Зимни шиносоӣ бо раванди корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот дар иншооти бунёдшавандаи соҳаи саноат Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода барои вусъат бахшидан ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, сари вақт ворид ва васлу насби хатҳои истеҳсолӣ, таҷҳизоти зарурӣ супоришҳои мушаххас дод. Дар сурати сари вақт ба фаъолият оғоз намудани корхонаҳои бунёдшаванда садҳо нафар сокинони маҳал бо ҷойи кор ва маош таъмин мешаванд. Илова бар ин, истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва содиротӣ ба роҳ монда шуда, дар ин замина маҷмуи маҳсулот дар ноҳияи Ашт зиёд мешавад.
Бино ба иттилои масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Ашт соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба беш аз 400 миллион сомонӣ баробар гардид, ки дар муқоиса ба соли 2022 қариб 178 миллион сомонӣ зиёд аст. Бо дастгирӣ ва ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат аз соли 2010 то имрӯз ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 6,3 маротиба афзун гардида, дар назар аст, ки бо истифодаи пурраи зарфиятҳои мавҷуда дастовардҳо боз ҳам бештар гардад.
Дар идомаи сафар роҳбари вилоят дар Ҷамоати деҳоти Ашти ноҳияи Ашт сохтмони мактаби наву замонавиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Иншоот ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад.
Раиси вилояти Суғд бо шароити фароҳамгардида дар муассисаи таълимӣ шинос шуда, барои пурра омода намудани мактаб супоришҳо дод.
Тибқи иттилои масъулин соли 2023 дар ноҳия сохтмони бинои ду муассиса ва бунёди 68 синфхонаҳои иловагӣ дар назди 10 мактаб ба анҷом расида, сохтмони бинои таълимӣ дар Ҷамоати деҳоти Пунук бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд идома дорад. Фароҳам овардани шароити хуби таълиму тарбия дар муасисаҳои таълимӣ боиси хушҳолии кормандони соҳаи маориф гардидааст.
Сипас, роҳбари вилоят ду нафар собиқадори меҳнатро аёдат карда, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд