Имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба кишти пахта оғоз бахшида шуд.
Раиси вилоят дар хоҷагиҳои ҷамоавии ба номи Турсунбой Қӯшатов ва ҶСК ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳия якҷо бо пирони кор ба кишти пахта оғоз бахшида, бо кишоварзон суҳбати самимӣ анҷом дод. Таъкид карда шуд, ки дар шароити феълӣ зарур аст, ки ҳар як порча замин самаранок истифода гардида, кишти зироати пешбинишуда бояд сари вақт ба анҷом расонда шавад.
Ба роҳбари вилоят маълумот дода шуд, ки имсол дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 8000 гектар пахта кишт хоҳад шуд. Аз ҷумла, дар ҶСК ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви кишти пахта дар 1750 гектар ба роҳ монда мешавад.
Раиси вилоят иброз дошт, ки қоидаҳои агротехникӣ бояд пурра риоя карда шуда, ба масъалаи таъминоти заминҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ диққати махсус зоҳир карда шавад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд