2 апрел ва дар нахустин рӯзи моҳи шарифи Рамазон бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор шуд.
Иқдоми мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади таъмини дастрасии мардум ба маҳсулоти хушсифат амалӣ шуда, ба сокинон маводи ғизоии нисбатан арзон пешниҳод гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ярмаркаи мазкур боздид намуда, барои ташкили чунин ярмаркаҳо дар рӯзҳои истироҳатӣ ба масъулин супоришҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд