Иштироки Раиси вилоят дар тантанаҳои наврӯзии деҳоти Фирӯзобаи шаҳри Конибодом

Дар минтақаҳои гуногуни вилояти Суғд Иди байналмилалии Наврӯзро бо ташкили чорабиниву дастрхони идонаи наврӯзӣ ва дар фазои сулҳу дӯстӣ ва ваҳдату якдигарфаҳмӣ таҷлил менамоянд, зеро Наврӯз аз қадимулайём чун​ рамзи пайванди ногусастанӣ миёни табиат ва инсон, айёми покиву сафо, муҳаббату дӯстӣ ва бахшоишу самимият бошукӯҳ ҷашн гирифта мешавад.

Сокинони шаҳри Конибодом низ бо риояи анъанаҳои милливу қадима ин ҷашни таърихиро ҳар сол бо шукуҳу шаҳомат ҷашн мегиранд. Дар тантанаҳои идонаи мардуми деҳоти Фирӯзобаи шаҳр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ ширкат кард ва тамоми сокинонро бо​ фарорасии Иди байналмилалии Наврӯз муборакбод намуд.

Қайд карда шуд, ки​ Наврӯзи Аҷам таърихи шашҳазорсола дошта, дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат шукӯҳу таҷаллии тоза пайдо кард ва басо рамзист, ки дар давраи ҷаҳонишавӣ ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфт.​

Дар сиёсати фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон​ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз ҳамчун рукни муҳими худшиносии миллӣ, василаи муҳими пайванди наслҳо, робитаи гузаштаю имрӯз, эҳёи анъанаҳои зебоипарастӣ, инсондӯстӣ, дур сохтани кинаҳо ва ҳамдигарбахшӣ, рамзи дӯст доштан ва расидан ба қадри зиндагии шоиста аст.

Аз файзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва бо талошҳои​ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат​ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз дубора дар сархати ҷашнҳои миллии тоҷикон қарор гирифт.​

Имрӯз мардуми тоҷик бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии мамлакат ин ҷашни таърихиро таҷлил менамоянд.

Чорабинии идонаи сокинон бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ, дастархони идона, рақсу суруд ва пухтани суманак рангину пурмазмун сурат гирифт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд