Исфара. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода сокинонро бо Иди Наврӯз табрик намуд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар тантанаҳои наврӯзии сокинони шаҳри Исфара иштирок карда, фарорасии Иди байналмилалии Наврӯзро ба сокинони шаҳр муборакбод намуд.

Дар сӯҳбат бо сокинони шаҳр роҳбари вилоят таъкид кард, ки бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон – Тоҷикистон бо шукӯҳу нусрати хос дубора эҳё гардида, ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфт.

Воқеан ҳам таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон ва халқҳои дигари форсизабон Наврӯзро чун мероси муқаддаси аҷдодии худ ҳифз карданд ва ба дигар халқҳои дунё эҳдо намуданд.

Аз ин рӯ, Наврўз на танҳо як ҷашни оғози сол, эҳёи табиат, хуррамии рӯзгор, балки таккондиҳандаи андешаи ваҳдати оламу одам ва омили тақвияти ифтихори миллӣ мебошад.

Поккорию ободкорӣ, либоси нав пӯшидан, барои кӯдакону наврасон ҳар гуна бозиҳои шавқовар ташкил намудан басо маъмул аст.

Ин ҳама аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки суннати идкунии Наврўз дар кишварамон, аз ҷумла Суғди бостонӣ таърихи тӯлонӣ дошта, месазад, ки насли имрўза ин расму оинҳои падару бобоёни худро пос доранд. Зеро ҳамаи маросимҳои мардумӣ самараи донишу таҷрибаҳои ҳазорсолаи аҷдодони олигуҳари мо мебошанд.

Хурду бузурги Исфарамарз бо риояи анъанаҳои неку қадима ва руҳияи идона Наврӯзи хуҷастапайро таҷлил карданд.

Ҳамчунин беморону ниёзмандон ба аёдату ғамхорӣ фаро гирифта шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд