Дар Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мумфаршкунии 8 км роҳи деҳаи Боғи боло оғоз ёфт.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода якҷо бо пирони кор ба мумфаршкунии роҳи мазкур оғоз бахшида, таъкид кард, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳамасола садҳо километр роҳҳои дохилӣ мумфарш карда мешавад.
Бояд гуфт, ки дар деҳаи Боғи болои ҷамоат 3000 аҳолӣ зиндагӣ доранд ва роҳи деҳа солҳои зиёд инҷониб таъмир нагардида буд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд