12 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо фаъолияти корхонаи коркарди нахи пахта ва ресандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Органик Ян” шинос гардид.
Корхонаи истеҳсолии коркарди нахи пахта ва ресандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Органик Ян” соли 2019 мавриди истифода қарор гирифта, дар он нахи пахта коркард ва аз он риштаи пахтагин истеҳсол мегардад. Коркарди нахи пахта дар дохили мамлакат яке аз самтҳои муҳими саноатикунонӣ буда, аз он истеҳсол гардидани маҳсулоти нимтайёру ниҳоӣ иқтидори содиротиро афзун менамояд. Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба васеъ намудани доираи истеҳсолии коргоҳ ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти пахтагин бо ташаббуси муассисони корхона соли 2021 коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти патдор ва соли 2022 коргоҳи “Органик-Ян 2” ташкил гардид, ки ба коркарди ашёи хоми ватанӣ — пахта ва истеҳсоли маҳсулоти хушсифат замина гузошт. Барои истеҳсоли маҳсулоти пахтагин таҷҳизоту технологияи муосири ширкатхои пешрафтаи олам васлу насб гардида, садҳо нафар бо ҷойи корӣ таъмин шудаанд.
Раиси вилоят ба фаъолияти корхона баҳои баланд дода, ба роҳбарияти корхона ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ супоришҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд