Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳавзҳои нави моҳипарварӣ бунёд карда мешавад

12 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз ҳавзҳои моҳипарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Корпоратсияи моҳии тоҷик”  боздид намуд.

Ҳавзҳои моҳипарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Корпоратсияи моҳии тоҷик” соли 2021 бунёд гардида, масоҳати умумии онҳо 3,2 гектарро ташкил мекунад ва шумораи ҳавзҳо 21 адад мебошад. Дар ин ҷо асосан гулмоҳӣ парвариш карда шуда, маҳсулот ба бозорҳои маҳаллӣ ба фурӯш бароварда мешаванд.

Чуноне иттилоъ дода шуд, дар хоҷагиҳои моҳипарварии вилояти Суғд асосан навъҳои гулмоҳӣ, тосмоҳӣ, лаққамоҳӣ, нуқрамоҳӣ, зағорамоҳӣ ва амури сафед парвариш карда мешаванд. Соли 2022 дар вилоят беш аз 800 тонна моҳӣ ба маблағи умумии 19,3 миллион сомонӣ истеҳсол гардидааст.

Масъулини Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Корпоратсияи моҳии тоҷик” ба роҳбари вилоят иттилоъ доданд, ки боз се адад ҳавзи моҳипарварӣ бунёд карда, ба пешрафти ин соҳаи сердаромад ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ саҳм мегузоранд.

Раиси вилоят таъкид кард, ки дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Ҷаббор Расулов, Ашт, Панҷакент ва Бобоҷон Ғафуров барои парвариши моҳӣ заминаҳои мусоид фароҳам буда, имкониятҳои мавҷуда бояд самаранок истифода гардад. Дар ин раванд ташаббуси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Корпоратсияи моҳии тоҷик” дар самти ташкили ҳавзҳои нави моҳипарварӣ муҳиму саривақтӣ мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд