Боздиди кории Раиси вилоят аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, бо сохтмони корхонаҳои нави истеҳсолӣ шинос шуд.

Тавре аснои боздид аз ҶДММ «Амина-К» иттилоъ дода шуд, ширкат ба парвариши мурғ машғул буда, дар он 700 сар мурғи тухмдеҳ нигоҳубин карда мешавад. Роҳбарияти корхона тасмим дорад, ки фермаи навро ташкил намуда, парвариши мурғ барои истеҳсоли гӯштро ба роҳ монад. Дар фермаи нави парандапарварӣ тибқи нақша 45 ҳазор сар мурғ нигоҳубин карда мешавад. Дар ҳудуди корхона ҳамзамон коргоҳи истеҳсоли хӯроки паранда низ фаъол карда шуда, теъдоди ҷойҳои корӣ зиёд карда хоҳад шуд.

Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз ҳадафи чоруми стратегӣ эълон шудани саноатикунонии мамлакат ташкили корхонаҳои навро муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карда, илова намуд, ки дар чанд соли ахир шумораи фабрикаҳои мурғпарварӣ бамаротиб афзуда, бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ таъмин гардида истодааст. Барои татбиқи пурраи лоиҳа ва бо назардошти имконоту шароит ҳарчи зиёд намудани ҷойҳои корӣ ва таъмини аҳолӣ бо шуғли доимӣ ба масъулин супоришҳо дода шуд.

Раиси вилоят ҳамзамон сохтмони корхонаи асфалтбарории «МКММ Сомонӣ» мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, бо фаъолияти корхонаи коркарди санги мармари «Амина-К» ошно гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд