Ба истиқболи 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома дорад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Бӯстон бо рафти бунёди ҳавзи захираи оби нӯшокӣ шинос гардид. Чуноне иттилоъ дода шуд, ҳавзи захираи оби нӯшокӣ бо мақсади беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо об сохта шуда, ғунҷоиши он 500 метри кубӣ мебошад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншоот ҳолати обрасонии маҳаллаи нави шаҳр беҳтар шуда, 4500 нафар бо оби нӯшокии босифат таъмин хоҳанд шуд.
Раиси вилоят бунёди иншоотро тадбири муҳим дар самти таъмини сокинон бо оби нӯшокӣ арзёбӣ карда, барои татбиқи пурраи лоиҳа ба масъулин тавсияҳо дод.
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари вилоят аз ҶДММ "Хубҷамъинвест" боздид карда, ҷараёни бунёди хатҳои нави истеҳсолиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. "Хубҷамъинвест" яке аз корхонаҳои калони истеҳсолкунандаи орд буда, айни замон дар анборҳои он миқдори зарурии ғалла захира карда шудааст. Роҳбарияти корхона тасмим дорад, ки дар амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ-санотикунонии босуръати кишвар саҳм гузошта, хатҳои нави истеҳсолиро ворид намуда, номгӯи маҳсулотро зиёд намояд.
Дар марҳилаи навбатӣ истеҳсоли хӯроки чорво ба роҳ монда мешавад. Иқтидори истеҳсолӣ дар 1 соат 20 тонна ғизои чорвою парранда буда, таҷҳизоти зарурӣ аз Шветсия ворид карда шудааст.
Раиси вилоят барои васлу насби хатҳои нави истеҳсолӣ ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва ҷойҳои нави корӣ ба роҳбарияти корхона супоришҳо дод.
Раиси вилоят дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамзамон бо сохтмони коргоҳи истеҳсоли шиша ва фабрикаи парандапарварӣ шинос шуд. Дар коргоҳи истеҳсоли шиша хатти нав васлу насб гардида, корҳои ободонии атроф ҷараён дорад. Ин коргоҳ ба истеҳсоли намудҳои гуногуни шиша машғул шуда, шишаҳои истеҳсолшуда дар иншооти истеҳсолӣ, хизматрасониву маишӣ ва ғайра васеъ истифода бурда мешавад. Дар шафати коргоҳ фабрикаи парандапарварӣ ба фаъолият оғоз менамояд, ки дар он асосан парвариши мурғи гуштӣ ба роҳ монда мешавад.
Раиси вилоят аз ташаббусҳои созандаи соҳибкорон хуш истиқбол карда, таъкид намуд, ки бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳибкорӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст ва соҳибкорони ватандӯсту бунёдкор аз он хуб истифода бурда истодаанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд