Шиносоӣ бо фаъолияти корхонаҳои коркарди пахта дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Азназаргузаронӣ: 579

13 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо фаъолияти корхонаҳои коркарди пахтаи "Хуҷанд агро", "Зафариён" ва "Юсуф саркор" шинос гардид.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чор корхонаи коркарди пахта фаъолият дошта, корхонаҳо имкон доранд, ки пахтаи дар ноҳия истеҳсолшударо пурра қабул ва коркард намоянд.

Тавре зимни шиносоии Раиси вилоят маълумот дода шуд, корхонаҳои коркарди ноҳия ба қабули пахта шурӯъ намуда, айни замон пурра фаъолият доранд.

Раиси вилоят барои ҷалби иловагии қувваи корӣ дар мавсими қабули пахта, пурра ба коркард фаро гирифтани пахтаи истеҳсолшуда, бо истифода аз имкониятҳо ба роҳ мондани истеҳсоли равған ба масъулин супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

1.jpg 2.jpg 3.jpg

4.jpg 5.jpg 6.jpg

7.jpg 8.jpg 9-2.jpg

9-3.jpg 9-4.jpg