13 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо рафти ҷамъоварии пахта шинос гардид.
Бояд гуфт, ки имсол хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар 8028 гектар пахта кишт намуда, имрӯзҳо бо ҷалби ҳашарчиён ба чиниши ҳосил шурӯъ намудаанд. Тибқи иттилои масъулини соҳаи кишоварзии ноҳия ҳамарӯза беш аз 9000 нафар ба ҷамъоварии пахта машғул буда, то имрӯз 1351 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст.
Раиси вилоят бо рафти ҷамъоварии пахта дар дар ҶСК ба номи Абдураҳим Ҷумъаев ва Кооперативи тиҷоратии ба номи Т. Қӯшатов ошно шуда, дар маъракаи пахтачинӣ иштирок кард. Чуноне иттилоъ дода шуд, заркорони ҶСК ба номи Абдураҳим Ҷумъаев 407 тонна ва Кооперативи тиҷоратии ба номи Т. Қӯшатов 300 тонна пахтаро ба хирман супорида, тасмим доранд, ки бо истифода аз боду ҳавои мусоид нақшаи пешбинишударо сари вақт иҷро намоянд.
Раҷаббой Аҳмадзода бо масъулин ва ҳашарчиёну пахтакорон суҳбат намуда, барои иҷрои нақшаи истеҳсоли пахта, сари вақт пардохтани музди чинакчиён супоришҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд