Дар ноҳияи Шаҳристон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рафти ҷамъоварии ҳосили картошка ва карамро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.
Дар хоҷагии деҳқонии "Ватан"- и ноҳия дар 0,5 гектар картошка кишт гардида, деҳқонон 350-400 сентнерӣ ҳосил гирфита истодаанд. Имсол дар ҳамаи бахшҳои хоҷагии ноҳия 1900 гектар картошка кишт шуда, маъракаи ҷамъоварии ҳосил аз моҳи сентябр оғоз меёбад.
Аъзои хоҷагии деҳқонии "Нурулло" низ аҳлона меҳнат намуда, ҳосили карамро ҷамъоварӣ менамоянд. Дар ин хоҷагӣ соли ҷорӣ дар 0,10 гектар парвариши карам ба роҳ монда шуда, кишоварзон тасмим доранд, ки зиёда аз 350 сентнерӣ ҳосил гиранд.
Раиси вилоят дар суҳбат бо кишоварзон барои пурраву беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил, истифодаи самараноку оқилонаи обу замин тавсияҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд