30 август Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Шаҳристон ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии рақами 11 ва 20 иштирок намуд.
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11, ки дар деҳаи Темурмалики ноҳия ҷойгир аст, синфхонаҳои иловагӣ барои 200 хонанда дар ду баст ва ошхона бо 50 ҷойи нишаст бунёд гардид. Корҳои сохтмонии синфхонаҳои иловагӣ соли 2020 оғоз ёфта, дар арафаи Рӯзи дониш ба итмом расид. Барои бунёди иншоот 661 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла 401 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷет сарф шудааст.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20 бошад дар деҳаи ба номи А.Фирдавсии ноҳия ҷойгир буда, бо харҷи 1 миллион сомонӣ барои 240 хонанда дар ду баст синфхонаҳои иловагӣ сохта шуд. Барои иҷрои корҳои сохтмонӣ аз буҷет 700 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда, 300 ҳазор сомонӣ саҳми соҳибкорону саховатмандон мебошад.
Дар суҳбат бо сокинони ноҳия Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода фарорасии Рӯзи донишро ба кормандони соҳаи маориф табрик намуда, иброз дошт, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола даҳҳо иншооти соҳаи маориф сохта мешавад.
Таъкид гардид, ки амалӣ гардидани барномаҳои гуногуни давлатӣ дар самти таъмини пешрафту рушди маориф, сохта ба истифода додани иншооти гуногуни соҳа, таъмини таълимгоҳҳо бо таҷҳизоти муосир, иштирок ва ғолибияти устодон, омӯзгорону мураббиён ва хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят дар озмунҳои касбию фаннӣ ва қадршиносии онҳо аз ибтикороти самарабахши Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба ҳисоб рафта, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва рушди маорифи миллӣ мусоидат менамояд.
Раиси вилоят ҳамзамон аз устодону омӯзгорон даъват намуд, ки наврасону ҷавононро, ки номбардорони фардои миллатанд, дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия намоянд.
Бояд гуфт, ки ба муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби роҳбари вилоят компютерҳои муосир ва тахтаҳои электронӣ туҳфа карда шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд