Аёдати собиқадорони меҳнат дар ноҳияи Спитамен

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Спитамен собиқадорони меҳнатро аёдат карда, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид.

Роҳбари вилоят аз ҷумла аз ҳоли собиқадори соҳаи кишоварзӣ, дорандаи ордени Шараф Ҳайдарҷон Неъматҷонов ва собиқадори соҳаи маориф Турсунбой Эргашев хабар гирифта, ба онҳо саломатӣ ва хушиҳои рӯзгорро орзу кард.

Таъкид гардид, ки роҳбарияти вилоят дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам собиқадорони меҳнатро дастгирӣ менамояд.

Собиқадорони меҳнат барои ғамхориҳои ҳамешагии давлату Ҳукумат изҳори сипос намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд