Сафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи Спитамен

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Спитамен сафари корӣ анҷом дод.

Зимни сафар роҳбари вилоят бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии ҶДММ «Спитамен-текстайлз» ва ҶДММ "Ганҷи ҳилол" шинос шуда, барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот супоришҳо дод.

Дар ҶДММ «Спитамен-текстайлз» ришта истеҳсол шуда, аз ашёи хоми ватанӣ маҳсулот таёр ва ба кишварҳои Туркия, Олмон ва Лаҳистон содирот карда мешавад. Корхона имкон дорад, ки дар як моҳ 120 тонна маҳсулот истеҳсол намояд. Айни замон 80 нафар дар ин корхона соҳиби ҷойи кор ҳастанд.

Дар ҶДММ "Ганҷи ҳилол" истеҳсоли равған ба роҳ монда шуда, маҳсулот ба бозорҳои вилоят пешниҳод мегардад.

Аз ҷониби Раиси вилоят барои захира намудани ашёи хом ва беҳтар намудани вазъи кунунии корхона ба масъулин супоришҳо дода шуд.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон дар хоҷагии деҳқонии "Оқтеппа" аз майдони ҷуворимакка, ки кишти такрорӣ мебошад, боздид карда, бо нашъунамои пахта шинос гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд