Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар деҳаи Муҷуни Ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштич аз "Гӯшаи деҳқон", ки дар сари роҳ ташкил карда шудааст, боздид намуд.
Дар "Гӯшаи деҳқон", ки бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич ташкил гардидааст, наздик 50 нафар деҳқонону кишоварзон маҳсулоти тару тозаи худро ба фурӯш баровардаанд. Дар инҷо метавон анвои гуногуни маҳсулот, аз ҷумла нок, картошка, пиёз, себ, помидор, сабзӣ, харбуза, шафтолу, ангур, тарбуз, зардолуро аз дасти аввал харидорӣ кард.
Раиси вилоят ташкили чунин нуқтаҳоро муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карда, барои дар дигар минтақаҳо низ ташкил намудани "Гӯшаи деҳқон" ба масъулин супоришҳо дод.
Дар идома Раиси вилоят аз майдони картошкаи хоҷагии деҳқонии “Убайдулло”-и Ҷамоати деҳоти Муҷун боздид намуд.
Хоҷагӣ дорои 52 нафар саҳмдор буда, майдони умумиаш 53,89 га мебошад. Аъзои хоҷагӣ имсол дар 3,6 гектар картошка кишт карда, ният доранд, ки 350 сентнерӣ ҳосил гиранд.
Раҷаббой Аҳмадзода бо кишоварзон сӯҳбат карда, саҳми деҳқонони ноҳияи Деваштичро дар таъмини амнияти озуқаворӣ, махсусан истеҳсоли картошка назаррас арзёбӣ намуд. Аз ҷониби роҳбари вилоят ба кишоварзон тавсия дода шуд, ки бо истифода аз тухмиҳои серҳосил ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд карда, ҳар порча заминро самаранок истифода намоянд.
Сипас, Раиси вилоят бо фаъолияти кишоварзони хоҷагии деҳқонии ба номи Ӯрунбег Ёқубов шинос гардид. Ин хоҷагӣ дорои 186 гектар замин буда, саҳмдорон соли ҷорӣ дар 8 гектар тарбуз ва харбуза парвариш намуданд, ки ҳосили хуб ба даст омадааст. Кишоварзон айни замон ҳосилро ҷамъоварӣ карда, ба бозорҳои вилоят пешниҳод намуда истодаанд.
Раҷаббой Аҳмадзода ба кори деҳқонон баҳои баланд, ҷиҳати истифодаи самараноки замин ва афзун намудани номгӯй ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тавсияҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




