Аёдати собиқадорони меҳнат дар ноҳияи Деваштич

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич собиқадорони меҳнат Юлдошбой Бойматов ва Норҷон Инлятоваро аёдат кард.

Юлдошбой Бойматов соли 1948 дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1966 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-ро хатм намуда, хатмкардаи институти ирригатсионӣ аст. Солҳои зиёд аз рӯи ихтисос ба сифати инжинер-механик фаъолият бурда, айни замон бо фарзандонаш дар хоҷагии деҳқонии оилавӣ кор мекунад.

Норҷон Иноятова соли 1940 дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Фаъолияти кориашро аз соли 1959 то 1970 дар  колхози ба номи "Победа" оғоз карда, баъдан солҳои 1970 – 1990 дар Ҷамоати деҳоти Муҷун ба ҳайси котиб ва муовини раиси ҷамоат кор кардааст ва аз соли 2002- ум нафақахӯр мебошад.

Дар сӯҳбат бо собиқадорон роҳбари вилоят аз хизматҳои онҳо дар пешрафти ҷомеа ёдовар шуда, ба онҳо саломативу хушиҳои рӯзгорро таманно намуд ва кӯмакҳои моддии худро расонид.

Собиқадорони меҳнат аз ташрифи роҳбари вилоят изҳори хушнудӣ карда, барои дастгириҳои доимӣ ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории худро баён доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд