25 август Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ ба ноҳияи Деваштич сафари корӣ анҷом дод.
Зимни сафар роҳбари вилоят нахуст дар деҳаи Ҳазорчашмаи Ҷамоати деҳоти Муҷун рафти сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Чуноне иттилоъ дода шуд, бинои нави таълимӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо харҷи 1,4 миллион доллари ИМА сохта шуда, барои 620 хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст. Бинои муҳташами замонавӣ аз 4 ошёна иборат буда, дорои 29 синфхона, 5 утоқи корӣ, лаборатория, толори хониш, китобхона, ошхона, маҷлисгоҳ, толори калони варзишӣ ва дигар иншооти зарурӣ мебошад.
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5 , ки солҳои 50-уми асри гузашта бунёд гардидааст, 64 нафар омӯзгор ба таълиму тарбияи насли наврас машғул буда, бо сохта шудани бинои нав хонандагон дар беҳтарин шароит таълим мегиранд.
Дар ноҳияи Деваштич наздик 40 ҳазор хонанда дар 68 муассисаи таълимӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда, ҳамасола даҳҳо синфхонаҳои нав мавриди истифода қарор дода мешавад. Соли равон низ илова бар мактаби рақами 5-и деҳаи Ҳазорчашма дар деҳаи Сурхоб барои 240 хонанда ва дар деҳаи Далёни поён барои 640 хонанда мактабҳои нав бунёд гардида истодааст.
Раиси вилоят зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ба сифати корҳо баҳои баланд дода, дар сӯҳбат бо устодону сокинони деҳа таъкид кард, ки соҳаи маориф таҳти таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва маблағгузорӣ ба ин соҳа ҳамасола зиёд мегардад.
Раҷаббой Аҳмадзода аз устодону омӯзгорон даъват кард, ки сифати таълимро боз ҳам беҳтар намуда, барои баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия аз шароитҳои мавҷуда самаранок истифода баранд. Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба муассисаи таълимӣ маҷмӯи мизу курсиҳо дастрас карда шуд.
Сипас, Раиси вилоят аз маркази хизматрасонии соҳибкорони маҳаллӣ, ки дар доираи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида истодааст, боздид намуд. Дар маркази хизматрасонӣ коргоҳи дӯзандагӣ ва тарабхона ташкил карда шуда, занону духтарони деҳа ба омӯзиш ва кор ҷалб карда мешаванд.
Раиси вилоят барои иҷрои босифати корҳо, тибқи лоиҳа бунёд намудани иншоот ба масъулин супоришҳо дода, тавсия дод, ки дар маркази хизматрасонӣ ҳамзамон омӯзиши қолинбофии дастӣ низ ба роҳ монда шавад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




